Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози табодули маҳбусон миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон


Исроил ва ҷунбиши Ҳизбуллоҳи шиъагони Лубнон имрӯз, пас аз ду соли ҷанги якмоҳа табодули асиронро оғоз карданд. Табодул аз таслими ду тобут ба Кумитаи Салиби Сурх шурӯъ шуд, ки Ҳизбуллоҳ мегӯяд, дар онҳо турбати ду сарбози исроилӣ гузошта шудааст. Гуфта мешавад, ин сарбозон дар як ҳамлаи фаромарзии Ҳизбуллоҳ дар соли 2006 асир афтодаанд. Асорати онҳо ба ҷанге сабаб гашт, ки 33 рӯз идома кард ва ҷони 1200 лубнонию 160 исроилиро рабуд. Дар ивази ин ду сарбоз Исроил панҷ маҳбуси лубнониро ба Ҳизбуллоҳ хоҳад супурд. Инчунин қарор аст, Исроил турбати 200 лубнонӣ ва фаластиниро таслим кунад, ки ҳангоми убур ба шимоли Исроил кушта шудаанд. Дар иваз Ҳизбуллоҳ турбати сарбозони исроилиро медиҳад, ки дар ҷануби Лубнон ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG