Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси Олмону Русия доир ба Гурҷистон


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров зимни сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои олмониаш Франк Валтер Штенмейер муноқишаи Гурҷистон бо Абхозистони ҷудоихоҳро баррасӣ кардааст. Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи сешанбе бо нашри як баёния гуфт, “Маскав таъкид мекунад, барои фурӯ нишондани шиддати авзоъ дар минтақаи низоъ ҳарду тараф бояд ба аҳди худ ҷиҳати истифода накардани нерӯ содиқ бошанд.” Ин гуфтугуи телефонӣ бо ташаббуси тарафи Олмон сурат гирифтааст. Танишҳои лафзӣ миёни Гурҷистону Русия дар робита ба минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон авҷ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG