Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Ҷорҷ Буш аз конгресс


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз конгресси ин кишвар хост, барои ба эътидол овардани вазъи бозорҳои молии ин кишвар иқдомоти фаврӣ биандешад. Вай дирӯз аз вакилони мардумӣ даъват кард, то санади расмиеро тасвиб намоянд, ки кӯмак ба муассисаҳои бузурги молии қарздиҳандаи Амрико Фаннӣ Мей ва Фреддӣ Мак - ро пешбинӣ кардааст. Ин муассисаҳо бонкҳояшон бинобар бознагардонидани саривақтии қарзҳои гирифтаи мизоҷонашон барои хона дар вазъи бадӣ молӣ қарор доранд. Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз конгресс хост, иҷоза диҳад, то майдонҳои нафтии ин кишвар истихроҷ шавад. Дар ин авохир нигарониҳо аз кам шудани эътимод ба бонкҳои Амрико афзоиш ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG