Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар аксар кишварҳои исломӣ нақши мазҳаб дар ҷомеъа аз мавзӯъҳои баҳсталаб маҳсуб мешавад.

Ва дар меҳвари ин баҳсҳо мавзӯъи ҷорӣ қардани қавонини шариъати ислом қарор дорад. Маркази омӯзиши афкори «Геллап» барои мушаххас кардани нигоҳи мардум ба қавонини шариъат дар се кишвар – Эрон, Туркия ва Миср – назарсанҷӣ доир кард.
Кормандони марказ кишварҳои исломиеро интихоб кардаанд, ки дар онҳо муносибат ба қавонини шариъат якранг нест: дар бахшҳои гуногуни ҷомеъаи Эрон қавонини шариъат ҷорист, Туркия бошад ба демократияи порлумонӣ арҷ мегузорад ва бунёди ҷомиъаи шаҳрвандӣ дар Қонуни асосии кишвар сабт шудааст, дар Миср, ки кишвари президентист, дар интихоботи ахири порлумонӣ аҳзоби мазҳабӣ ба комёбии чашмрас даст ёфтаанд.
Масъулини Маркази Геллап иқрор мекунанд, ки натоиҷи назарсанҷӣ барои худи онҳо низ каме ғайриинтизор буд, аз ҷумла, он нукта онҳоро мутаҳайир кард, ки сокинони Эрон, ҳарчанд хостори қавонини шариъатанд ва аммо мегӯянд, шариъат набояд ягона манбаъи қонунгузорӣ бошад.
Мардуми Туркия дар мавриди ҷорӣ кардани қавонини шариъат назари мухталиф доранд, аммо дар Миср бештари мардум пуштибони онанд, ки шариъат ягона манбаъи қонунгузорӣ дар кишвар бигардад.
Назарсанҷӣ ақидаи маъмулеро, ки аксари занҳо ба қавонини шариъат мухолифанд, низ зери шубҳа гузошт. Аз ҷумла, дар Эрон 64 дарсади занҳо ва 62 дарсади мардҳо аз ҷорӣ шудани қавонини шариъат пуштибонӣ кардаанд, вале гуфтаанд, ки он набояд ягона манбаъи қонунгузорӣ бошад. 14 дарсади занону мардон аз манбаъи ягонаи қонунгузорӣ будани шариъат пуштибонӣ кардаанд. Ва ҳамчунин 20 дарсади мардҳо ва даҳ дарсади занҳо ба ҷорӣ шудани қавонини шариъат дар кишвар мухолифанд.
Вале, дар ҳамин ҳол, назари сокинони Миср аз мавқеъи эрониҳо комилан фарқ мекунад – дар ин ҷо 64 дарсад аз он ҷонибдорӣ кардаанд, ки дар кишвар фақат қавонини шариъат амал кунанд. 24 дарсад мегӯянд, ки шариъат бояд фақат яке аз манбаъҳои қонунгузорӣ бошад. Ва фақат 3 дарсади мардону 2 дарсади занҳо дар ин кишвар мухолифи ҷорӣ шудани қавонини шариъатанд.
Дар ҳамин ҳол, назарсанҷӣ дар Туркия намоиш дод, ки мардум дар баробари нақши Ислом дар ҷомиъа нигоҳи мухталиф доранд ва дар қиёс аз Эрону Миср теъдоди бузург – 41 дарсади занону мардон – ба ҷорӣ шудани қавонини ислом дар Туркия мухолифат нишон додаанд. 27 дарсади мардҳо ва 24 дарсади занҳои турк ҷонибдори онанд, ки шариъат фақат яке аз манбаъҳои қонунгузорӣ бошад. Дар ин кишвар танҳо 8 дарсади мардҳо ва 6 дарсади занҳо аз зиндагӣ тибқи қавонини шариъат пуштибонӣ кардаанду халос.
Созмондиҳандагони назарсанҷӣ аз пажуҳишгоҳи Геллап ҳамчунин ба он нукта ишора мекунанд, ки чаҳоряки мардҳо ва тақрибан сеяки занҳои турк аз ибрози назар дар мавриди нақши шариъат дар ҷомиъа сарпечӣ кардаанд.
Назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дод, ки дар Эрон асосан бузургсолон ё афроди синнашон аз 46-сола боло аз ҷорӣ шудани қавонини шариъат пуштибонӣ мекунанд. Зиндагӣ аз рӯи қавонини шариъатро фақат 12 дарсади ҷавонони 15 – 29-солаи эронӣ хуш доранду халос.
Дар Миср 72 дарсади бузургсолон ва 57 дарсади ҷавонон ҷонибдори татбиқи қавонини исломанд. Дар Туркия бошад фақат 12 дарсади калонсолон ва 6 дарсади ҷавонҳо хостори зиндагӣ тибқи қонунҳои шариъат шудаанд.
Тибқи назарсанҷӣ, дар Туркия ва Эрон аз авлавияти қавонини шариъат фақат онҳое пуштибонӣ мекунанд, ки маълумоти ибтидоӣ ва ё миёна доранд. Ва аммо дар Миср аз қавонини шариъат ҳам афроди бемаълумот ҷонибдорӣ кардаанд ва ҳам таҳсилкардаҳои макотиби олӣ.
Назарсанҷии мазкур дар Эрону Туркия ва Миср тобистони соли гузашта доир шуда буд. Дар суҳбатҳои рӯбарӯ дар ҳар се кишвар беш аз ҳазорнафарӣ назари худро дар робита ба нақши қавонини шариъат дар ҷомиъа иброз доштаанд.
XS
SM
MD
LG