Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Судон ва ҷаҳон ба иттиҳоми Умар ал-Башир


Раиси ҷумҳурии Судон Умар ал-Баширро додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг дар Дорфур гунаҳгор медонад

Раиси ҷумҳурии Судон Умар ал-Баширро додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг дар Дорфур гунаҳгор медонад

Дархости додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ барои судури ҳукми боздошти раисҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шудааст.

Аз ҷумла, вазорати хориҷии давлати Судон бо нашри як баёния гуфтааст, аз назари ин давлат, иттиҳомоти мабнӣ бар наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг дар Дорфур нисбати Умар ал-Башир, раиси ҷумҳурии Судон, иттиҳоме беш нест ва заминаи ҳуқуқӣ низ надорад. Худи Умар ал-Башир дар ин бора рӯзи душанбе дар Хартум, пойтахти Судон гуфт: “Мо аз оғоз гуфта будем, ки узви ин додгоҳ нестем ва мо зери протоколи он имзо нагузоштаем. Ин додгоҳ дар қаламрави Судон машрӯъият надорад”.

Аммо Гордон Браун, сарвазири Бритониё, аз мақомоти Судон хост, то бо додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳамкорӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, намояндагии Созмони милал ба кормандонаш дастур додааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд, зеро дар ин рӯз ҳазорон судонӣ ба нишони эътироз алайҳи иттиҳомоти Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ба кӯчаҳо баромадаанд. Агар то ҳоло чунин гирдиҳамоиҳоро ниҳодҳои ҷонибдори президент Башир созмон медоданд, ин бор ҳатто судониҳое, ки маъмулан мухолифи ӯ ҳастанд, дар мавриди ҳукми додгоҳ аз Башир тарафдорӣ мекунанд.

Дар сомонаи интернетии Фейсбук аллакай гурӯҳи ҷонибдори Умар ал-Башир таъсис дода шудааст ва дар тӯли чанд соати баъди эъломи иттиҳоми додгоҳи байнулмилалӣ, ин сомона раъйи беш аз ҳазор судониро ба тарафдории раҳбари Судон ҷамъ овард. Ҳамзамон Созмони милали муттаҳид гуфтааст, нияти берун овардани бархе аз кормандонаш аз минтақаи Дорфури Судонро дорад. Ин созмон далели ин иқдоми худро эҳтимоли бурузи хушунатҳо пас аз дархости боздошти Умар ал-Башир аз сӯи додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ унвон кардааст.

Судон интизор дошт, ки муттаҳидаш – Чин ва ҳамин тавр, Русия ва кишварҳои африқоӣ дар Созмони милал аз ҳар навъ талоши судури дастури боздошти президенташ Умар ал-Башир ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Русия, аз бузургтарин кишварҳои таҳиякунандаи таслиҳот барои Судон, ҳанӯз дар иртибот ба дархости додгоҳи байнулмилалӣ вокуниши расмӣ нишон надодааст. Вале мақомоти Чин аз ин тасмими додгоҳ изҳори нигаронии амиқ кардаанд.

Мақомоти Амрико то кунун чолиши миёни Судон ва Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро ташреҳ надодаанд ва танҳо гуфтаанд, ки вазъи бавуҷудомада дар ин кишварро аз наздик пайгирӣ хоҳанд кард. Дар ин бора намояндаи департаменити давлатии Амрико Шон Маккормак гуфт: “Мо иттиҳомотеро, ки додситон ба қозиёни ин додгоҳ пешниҳод кардааст, бо диққати тамом месанҷем. Мо ҳамчунин дақиқан ба иттилооти дастрасшудаи худ менигарем, ки тибқи онҳо мумкин аст афроди гумонбаршуда дар наслкушӣ ё хушунатҳои дигарро ба ҷавобгарӣ кашид”.

Вазирони хориҷии Лигаи давлатҳои араб, ки Судон ҳам як узви он ҳаст, рӯзи 19-уми июл дар як нишасти изтирорӣ мавзеъи муштараки кишварҳои арабӣ дар қиболи чолиш миёни раҳбари Судон ва додгоҳи байнулмилалиро баҳс кунанд. Ин нишаст бо дархости ҷониби Судон баргузор мешавад, ки то кунун аз суи кишварҳои Арабистони Саудӣ, Либия, Сурия, Миср ва ташкилоти худгардони Фаластин мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Луис Морено-Окампо, додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, мақараш дар Ҳейги Ҳолланд, рӯзи душанбе натоиҷи таҳқиқоти ҷиноёти сангин дар вилояти ҷангзадаи Дарфури Судонро эълон кард ва хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳоми наслкушӣ ва ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башар шуд.

Дар ҷараёни ҷанги Дорфур байни шибҳанизомиёни араб аз гурӯҳи Ҷонҷовид , ки Хартум пуштибониаш мекард, ва қабилаҳои африкоии муқими он вилоят, ки соли 2003 оғоз ёфт, тақрибан 300 000 нафар кушта ва наздики 3 миллион тани дигар бехонавудар шуданд.

XS
SM
MD
LG