Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқоти шатранҷи Осиё байни наврасон


Имрӯз, 15-уми июл, дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии исломии Эрон, мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷи Осиё байни наврасон шурӯъ гардид.

Мусобиқот дар раддаҳои синнии то 8-, 10-, 12-, 14-, 16- ва 18-сола байни писарон ва духтарон доир мегардад.
Шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқот шатранҷбозони умедбахши кишвар Соиб Ҷӯраев (писарони то 18-сола), Асила Муҳтоҷзода (духтарони то 18-сола), Шаҳноза Умарова (духтарони то 16-сола), Шодмони Мирзозода (писарони то 14-сола), Шаҳнози Нуралӣ (духтарони то 12-сола), Умар Насриддинов (писарони то 10-сола), Моҳпочои Сайалӣ (духтарони то 10-сола) ва Мунирҷони Шарифзода (писарони то 8-сола) ҳифз мекунанд.
Мусобиқоти мазкур, ки аз 9 давр иборат аст, аз рӯи манзумаи суисӣ (швейтсарӣ) дар 9 давр доир шуда, то 21-уми июл идома мекунад.
XS
SM
MD
LG