Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳасани Асадуллозода дар шаҳри Хоруғ


Ҳасани Асадуллозода (аз чап) - дар майдони варзишии Хоруғ

Ҳасани Асадуллозода (аз чап) - дар майдони варзишии Хоруғ

Ҳасани Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо як ҳайъати корӣ, ҷиҳати санҷиши сохтмони майдони варзишии Хоруғ ба ин шаҳр омад.

Ба гуфтаи манбаъҳо, пас аз шиносоӣ бо вазъи сохтмон раиси “Ориёнбонк” тасмим гирифтааст, ки барои ороиши майдони варзишӣ муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кунад. Гуфта мешавад, «Ориёнбонк» мехоҳад ҳамчунин дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои нав дар «Гармчашма» ва меҳмонсароҳо дар Бадахшон саҳм бигирад.

Дар майдони варзишии шаҳр, ки сохтмони он идома дорад, 20-уми июл намоиши театрикунондашуда бо ширкати 2100 нафар хонандагону донишҷӯён ва бо ҳузури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Аксарияти ҳамсуҳбатҳои мо, ки қаблан раиси «Ориёнбонк»-ро дидаанд ва ё мешинохтаанд, тасдиқ карданд, ки воқеъан худи Ҳасани Асадуллозода имрӯз аз Хоруғ дидан кардааст. Вале бархе аз онҳо аз Ҳасани Асадуллозода будани ин шахс шубҳа карданд.

Бояд гуфт, ки шеваи сафари Ҳасани Асадуллозода аз сафарҳои қаблиаш фарқ дорад. Вай дар ин сафараш на дар меҳмонхонаи шаҳр, балки дар хонаи раиси бахши маҳаллии «Амонатбонк» ба сар мебарад.

Ҳангоми пайдошавии Ҳасани Асадуллозода дар майдони варзишии шаҳр бархе аз хабарнигорон хостанд бо вай сӯҳбат кунанд ва чунин ба назар мерасид, ки худи ӯ алоқаманди сӯҳбат бо онҳо буд, вале нафарони муҳофизи вай монеъи сӯҳбати раиси «Ориёнбонк» бо хабарнигорон шуданд.

XS
SM
MD
LG