Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Схеффер аз Русия интиқод кард


Яаап Де Ҳуп Схеффер, Дабири Кулли НАТО мегӯяд, ки Русия нақши миёнҷигарии худ дар низоъҳо дар қаламрави Гурҷистонро зери шубҳа мегузорад. Ин изҳороти Схеффер дар робита ба парвози ҳавопаймоҳои низомии Русия дар ҳарими ҳавоии Осетияи ҷанубӣ пахш шуд. Маскав эълом дошт, ки парвози ҳавопаймоҳо аз задухурди мусаллаҳона миёни Тифлис ва Схинвалӣ ҷилавгирӣ кардааст. Гурҷистон ин амали Русияро ҳамчун таҷовуз арзёбӣ намуд.

Дабири Кулли НАТО аз Русия даъват кард, ки тибқи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ба якпорчагии Гурҷистон арҷ гузорад.
XS
SM
MD
LG