Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба хабари сомонаи Лента.Ру, шумори корбарони шабакаи ҷаҳонии Интернет дар Русия то поёни соли ҷорӣ болиғ аз 40 миллион нафар хоҳад шуд.

Дар ин сурат, Русия аз лиҳози шумори муштариёни Интернет дар қораи Аврупо ба мақоми дуввум хоҳад расид. Феълан дар ин қора шумори аз ҳама зиёди корбарони Интернет дар Олмон ба сар мебарад. Бино ба пешбиниҳо, шумори муштариёни шабакаи ҷаҳонӣ дар Русия то 4 соли дигар ба 60 миллион нафар наздик хоҳад шуд, ки мусодифи 40 дарсади ҷамъияти он кишвар аст.

Василаи нави лоғаршавӣ

Донишмандони тибб аз ширкати «ЭнтероМедикс» як василаи нави лоғаршавиро ихтироъ кардаанд. Ин дастгоҳи мавсум ба ВиБлог дар камари инсон ба шакли тасма баста шуда, тавассути паёмҳое, ки ба асаби инсон мефиристад, эҳсоси гуруснагиро коҳиш медиҳад. Дар натиҷа, инсон майли тановули ғизоро гум мекунад ва метавонад, ҳатто бидуни парҳез ва ё машқҳои ҷисмонӣ ҳам вазни худро партояд. Ҳангоми озмоиши ВиБлог ба истифодакунандагон муяссар шудааст, вазни худро, ба ҳисоби миёна, то 30 дарсад коҳиш диҳанд.

Сигнали СОС 100-сола шуд

Ин сигнал, ки бар асоси алифбои Морзе сохта шуда, аз 3 нуқта, 3 тире ва боз 3 нуқтаи дигар иборат буд, то соли 1999 дар амри наҷоти васоили нақлия, ба хусус киштиҳои уқёнусӣ хидмат кардааст. Сигнали СОС, ки аз он дар амри наҷоти аз ҷумла мусофирони киштии Титаник низ истифода шудааст, бо вуҷуди моли таърих шуданаш, дар зеҳнҳо аз умдатарин рамзҳои қарни гузашта боқӣ мемонад.

Анҷумани тавлидкунандагони бозиҳои видеоӣ

Дар Лос-Анҷелеси Амрико анҷумани И3, ки бузургтарин тавлидкунандагони бозиҳои видеоиро гирди ҳам меорад, оғоз ба кор кард. Феълан дар бозори бозиҳои видиёӣ 3 ширкат - «Нинтендо Вии» бо маҳсулоти ҳамном, «Майкрософт» бо «ИксБокс» ва «Сони» бо «ПлейСтейшн»-аш дасти болотар доранд. Дар ҳоли ҳозир шумори муштариёни чунин бозиҳо дар ҷаҳон то 80 миллион нафар баровард шудааст, вале ҳадафи ширкатҳои тавлидкунандаи бозиҳои видиёӣ дар анҷумани Лос-Анҷелес ҷалби шумори ба маротиб бештари мардум ба чунин бозиҳо, аз ҷумла тавассути поён бурдани нархи маҳсулоти худ ва таҳияи бозиҳои хонаводагист. Қарор аст, дар ин ҳамоиш фарзияи ҷадидтарини бозиҳои маъруфе, чун фарзияи дуввуми Ҷиярс оф Вор, Фейбл, Киллзон ва насли севвуми Гад оф Вор муаррифӣ шаванд.

Ҷӯяндаи ноутбукҳои гумшуда

Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Вошингтони Амрико барномаеро таҳия кардаанд, ки махсуси ҷустуҷӯи ноутбукҳо, ё худ компютерҳои дастии гумшуда аст. Ин барнома дар ноутбук насб шуда, тавасути Интернет бо сервер иртиботи доимӣ дорад. Дар сурати гум шудани компютер, соҳибаш метавонад ба ин сервер ворид шуда, охирин маҳаллеро, ки он ноутбук бо Интернет васл шудааст, пайдо кунад. Дар куҷои компютери дастӣ насб шудани ин барномаро ҷустуҷӯиро танҳо соҳиби ноутбук хоҳад донист. Муҳаққиқон мегӯянд, ин барнома саддарсад пайдо шудани ноутбуки гумшударо, албатта, тазмин намедиҳад, вале ба пулис имкон хоҳад дод, пайи дуздонро пайдо кунад.

Ва ширкати Гугл, бузургтарин ширкати ҷустуҷӯӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет қасд дорад, то 3 миллиарду 200 миллион корбари телефонҳои мобайлро ба Интернет ҷалб кунад. Феълан шумори корбарони телефонҳои мобайл дар ҷаҳон назар ба корбарони компютерҳои хусусӣ 3 маротиба бештар будааст ва Гугл мехоҳад, тавассути барномаи ҷадиде, ки Андроид ном дорад, ба ҷалби бештари истифодакунандагони телефонҳои мобайл ба шабакаи ҷаҳонӣ муваффақ шавад. Феълан шумори он корбарони телефонҳои мобайл, ки ба Интернет низ васл мешаванд, бештар аз ҳама дар Амрикост. Дар ин кишвар 40 миллион нафар, ё худ 16 дарсад аз ҷамъи корбарони телефонҳои мобайл тавассути телефҳони худ аз хидмати Интернет низ истифода мекунанд. Ин дар ҳолест, ки 2 сол пеш шумори чунин афрод дар Амрико 22 миллион буд.

XS
SM
MD
LG