Пайвандҳои дастрасӣ

Блэр сафар ба навори Ғазаро лағв кард


Тони Блэр, намояндаи вижаи “чаҳоргона” оид ба раванди сулҳи Ховари Миёна имрӯз сафари худ ба Навори Ғазаро лағв кард. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Блэр, ин тасмим ба хотири таъмини бехатарӣ гирифта шудааст – ахиран ба Тони Блэр таҳдиди сӯиқасд кардаанд. Ва аммо дар мавриди он ки таҳдид аз сӯи кадом гурӯҳ сурат гирифтааст, алҳол иттилоъе зери даст нест.

Сарвазири собиқи Бритониё бояд баландпоятарин мақоми байнулмилалӣ мешуд, ки баъди зери назорати гурӯҳи ҲАМОС қарор гирифтани навори Ғаза ба ин минтақа сафар мекунад. Тони Блэр як сол қабл намояндаи вижаи “чаҳоргона” (СММ, Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва Русия) оид ба раванди сулҳи Ховари Миёна таъин шуда буд.

XS
SM
MD
LG