Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон узви комилҳуқуқи IDEC шуд


Тоҷикистон ба узвияти Конфаронси байнулмилалии алайҳи маводи мухадир (IDEC) пазируфта шуд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон, дар ин бора дар нишасти ахири ин ниҳоди байнулмилалӣ дар шаҳри Истамбул тасмим гирифта шуд. Дар нишаст раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон Рустам Назаров дар бораи талошҳои ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар кишвар суханронӣ кард.

IDEC соли 1983 таъсис шудааст ва алҳол 91 кишвар узви комилҳуқуқи Конфаронсанд. IDEC табодули ахбор ва ҳамоҳангсозии амал дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро таъмин ва тафтиши парвандаҳо алайҳи сарон ва аъзои гурӯҳҳои байнулмилалии ҷиноиро сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG