Пайвандҳои дастрасӣ

Судон бо иттиҳоми Додгоҳ мувофиқ нест


Мақомоти Судон иҷрои талаби Додгоҳи байнулмилали ҷиноёти низомӣ барои боздошт ва истирдоди раисиҷумҳур Умар Ал-Баширро рад карданд. Раҳбари Судон дар робита ба ҳаводиси Дорфур дар наслкӯшӣ, ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият гумонбар мешавад.

Дирӯз Ал-Башир дар ҷамъи мардум дар Хартум ҳозир шуд ва зимни суханронӣ иттиҳоми Додситони Додгоҳи байнулмилалиии ҷиноёти низомиро “дурӯғ” номид. Ӯ гуфт, ки “аз оғоз Судон ин додгоҳро эътироф намекард, ба вижа, ки Судон берун аз ваколати ҳуқуқии ин додгоҳ аст”.

Муовини раиси порлумони Судон дар як изҳорот аз тариқи телевизион гуфт, ки кишвараш "аз ин баъд наметавонад амнияти кормандони созмонҳои хайрияи Созмони Милали Муттаҳидро кафолат диҳад".

XS
SM
MD
LG