Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, қонун дар бораи ба тасвиб расонидани созишнома дар мавриди қарзи Тоҷикистон аз Русияро имзо кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия иттилоъ дод. Бар асоси ин созишнома, ҳукумати Тоҷикистон дар ивази тақрибан 300 миллион доллари қарзаш аз Русия пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонӣ воқеъ дар Норакро ба ихтиёри Русия дод.

Ҳамчунин Русия дар иваз дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда 1- ки сохтмонаш идома дорад, сармоягузорӣ мекунад. Вадим Густов раиси кумитаи умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар Думаи давлатии Русия гуфтааст, ки ин созишнома ба манфиати кишвараш мебошад.

Созишномаи танзими қарзи давлатӣ миёни ду кишвар дар соли 2002 ба имзо расида буд ва дар ду ҳафтаи пеш аз сӯи Думаи Русия ба тасвиб расид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG