Пайвандҳои дастрасӣ

Эъломи айб ба даҳҳо нафар дар Туркия


Як додситони олирутбаи Туркия мегӯяд, ки даҳҳо нафарро расман ба терроризм ва талош барои сарнагун кардани ҳукумати феълӣ муттаҳам кардааст. Айкут Чингиз Энгин гуфт, 86 нафар расман ба ташкил ва узвият дар созмони терористӣ ва ё барангехтани ошӯбҳои мардумӣ, ба хотири сарнагун кардани ҳукумати Туркия, ки решаҳои исломӣ дорад, муттаҳам шуданд. Ин афродро ҳангоми таҳқиқи қазияи гурӯҳҳои махфии тарафдорони тундрави низоми дунёвӣ ва гурӯҳҳои миллатгаро дар Туркия боздошт карда буданд.
XS
SM
MD
LG