Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи Судон ба додгоҳи байналмилалӣ


Ҳукумати Судон дархост аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, барои ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам кардани раиси ҷумҳури ин кишварро рад кард. Ҳамзамон вакили мардумии Судон гуфт, ба ҷони маъмурони имдодии Созмони Милал дар минтақа метавонад, хатар таҳдид кунад. Умар Ал-Башир раиси ҷумҳури Судон рӯзи душанбе дар назди мардум дар пойтахт шаҳри Судон ҳозир шуд, ба сӯи вакилони мардумӣ ва дипломатҳо дастафшонӣ кард. Айни ҳол муовини раиси порлумони Судон гуфт, ҳукумати Судон амнияти ҳеҷ яке фардро тазмин дода наметавонад. Пештар аз ин дабири кулли Созмони Милал аз ҳукумати Судон хост, амнияти коркунони созмонро таъмин кунад. Ва сухангӯи дабири кулл гуфт, бояд маъмурони имдодии Созмони Милал иҷозаи идомаи фаъолият дар минтақаи Дарфурро дошта бошанд, ки дар ин вилоят аз соли 2003 то кунун мусаллаҳони араб садҳо ҳазор нафарро кушта ва миллион тани дигарро бехонумон кардаанд. Ва додситони Додгоҳи Байналмилалии Гаага мегӯяд, Умар Ал-Башир дар ҷиноятҳо даст дорад.

XS
SM
MD
LG