Пайвандҳои дастрасӣ

Гоме барои таъмини амнияти ғизоӣ


Интизор меравад, соли равон масоъили амнияти ғизоии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Авросиё ҳал гардад.

Галина Никитина, сарвари бахши бозори кишоварзии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Комплекси кишоварзиву санъатӣ ва рушди манотиқи деҳнишини Қазоқистон, ба родиои «Озодӣ» ин нуктаро таъйид намуда, гуфт, ки масъалаи таъмини амнияти ғизоии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Авросиё дар конфронсе, ки рӯзҳои 19 ва 20-уми июл дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Алъон чунин пешниҳод ҳаст, гуфт ӯ, ки бояд амнияти дастаҷамъии ғизоии кишварҳои узви ин созмонро таъмин намуд ва бад-ин васила муайян кард, ки ҳар яке аз ин кишварҳо бояд чӣ тавлид ва чӣ харидорӣ намоянд ва ин тавлиду харидорӣ бояд ба чи миқдор бошад.
Ҳадафи дигари созмон таъмини амнияти ғизоӣ ва пуштибонии ҳамдигар аз тарафи кишварҳои узв аст, зеро, ба андешаи хонум Никитина, «дар ин замона ба умеди дигарон шудан мушкил аст ва робитаҳои иқтисодии кишварҳои созмон, ки ба он Русия, Қазоқистон, Беларус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд, бояд ҳамешагӣ бошад».
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки ягон кишвари узви созмон ба Қазоқистон бояд чизе бифрӯшад ва ин кишвар низ бояд кишвари дигарро бо маводди зарурӣ таъмин намояд, ва ин робита на муваққатӣ, балки бояд устувору ҳамешагӣ бошад – танҳо дар чунин ҳолат метавон дар бораи мавҷудияти асоси амнияти ғизоӣ ҳарф зад.
Хонум Никитина мегӯяд: «Дар чунин ҳолат Қазоқистон низ ғаллаи хешро дар навбати аввал ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии Авросиё мефурӯшад. Имкон дорад, имсол Қазоқистон дар ҳудуди 16-17 миллион тонна ғалла тавлид кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳосили соли гузашта 21 миллион тоннаи холис буд. Зеро алъон хушксолӣ ҳосили ғалларо, ба вижа, дар қисматҳои ҷанубии кишвар ду маротиба коҳиш дод. Вале, агар масъалаи таъмини амнияти ғизоии кишварҳои аъзои созмон ҳал гардад, Қазоқистон муваззаф мешавад, ки дар навбати аввал Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ниёзманди ғаллаи ин созмонро таъмин намояд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи харидорони асосии ғаллаи Қазоқистон аст ва соли гузашта аз ин кишвар ҳудуди 1 миллион тонна ғаллаву орд харида буд. Аз сӯи дигар, дар чунин ҳолат кишварҳое мисли Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон низ маҳсулоти мавриди ниёзи Қазоқистон, аз ҷумла меваву сабзавотро нахуст ба ин кишвар ва Русияву Беларус хоҳанд фиристод.
XS
SM
MD
LG