Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгари тоҷик Бадриддин Умедов дар Лаҳистон соҳиби медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни донишҷӯён дар риштаи каратэ-до гардид.

Ба иттилоъи Умархон Мадвалиев, раиси Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон, сабқати ҷаҳонии донишҷӯён бо ширкати варзишгарони 40 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Врослав баргузор шуд. Бадриддин Умедов, қаҳрамони каратэ-дои Тоҷикистон, дар вазни мутлақ ҷои дувумро касб кард.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати беҳтарин варзишгарони тоҷик ахири моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Малайзиё ва моҳи октябр дар сабқати ҷаҳонии каратэ-до байни наврасон дар Словения дар назар аст.
XS
SM
MD
LG