Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Apple дар 2 рӯз 1 миллион IPhone 3G фурӯхтааст


Ширкати Apple мегӯяд, тайи танҳо 2 рӯзи охири ҳафта гузашта беш аз 1 миллион Iphones 3G-аш ба фурӯш рафтааст. Мудиромили ширкати Apple Inc. Стив Ҷобс мегӯяд, ин навъи ҷадиди тавлидоти ширкат баробари вурудаш ба бозор фурӯши ҳайратангезе доштааст.

Фурӯши насли нави телефонҳои IPhone рӯзи ҷумъа якбора дар 21 кишвар оғоз ёфт. Арзиши ин навъи IPhone бо 8 гигабайт ҳофиза - 199 доллари амрикоӣ ва бо 16 гигабайт ҳофиза – 299 доллар таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG