Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони асир озод шуданд


Ахиран 50 мардикори тоҷикистонӣ тавассути полис аз кори маҷбурӣ ва бемузд раҳо карда шуданд.

Ному насаби корфармоёне, ки муҳоҷирони кории тоҷикро дар асорат нигоҳ медоштанд, ошкор шудааст ва феълан барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани онҳо ҷамъоварии далелу бурҳонҳо лозима идома дорад. Дар ин бора Юрий Старостин, райиси бахши мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи Идораи марказии пулиси вилояти Ростови Русия, хабар дод.
Раиси идораи полис ҳамчунин гуфт, ки, бино ба тафтиши муқаддамотӣ, ин шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон таври убурӣ (транзитӣ) аз тариқи Маскав ба омадаанд: онҳоро дар Маскав намояндаи Ростов пешвоз гирифта, бо автобус ба Ростов овардааст.
Ю. Старостин афзуд: «Ҳеч кадоме аз ин мардикорони муҳоҷир ҳанӯз дар Федератсияи Русия иҷозатномаи корро надоранд ва ба ҳамин сабаб онҳо дар ҳоли ҳозир таҳти тафтиши кормандони хадамоти муҳоҷиратии вилоят ҳастанд.
Бино ба гузориши полиси остони Ростови лаби Дон, ин 50 муҳоҷири кории тоҷик 10-уми июл аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод карда шуданд. Намояндаи расмии полис Андрей Гончаров ба хабарнигорон ҳодисаро чунин шарҳ дод: "Ба мо хабар расид, ки дар дар корхонаи коркарди зубола ё партов 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ кор мекунанд. Мо ҳамроҳи кормандони хадамоти муҳоҷиратӣ ба ин корхона рафтем. Маълум гардид, ки ин одамонро бо ваъдаи кори сердаромад дар Русия ҳанӯз дар Тоҷикистон фиреб додаанд. Ба онҳо аксҳои корхонаро нишон дода гуфтаанд, ки дар корхонаи тавлиди зарфи плостикӣ кор ва дар ҳобгоҳи васеъу равшан зиндагӣ хоҳед кард. Вале вақте мардикорони тоҷик ба Ростов расиданд, ҳуҷҷатҳояшонро гирифтанд ва маҷбур карданд, ки танҳо ба ивази хӯрок кор бикунанд. Онҳо дар як бинои бузурги бадбӯй партовҳоро ба навъҳо ҷудо карда, дар ҳамон ҷо ғизо мехӯрданд, дасту рӯй мешустанд ва дар ҳамон ҷо рӯи тахта мехобиданд".
Дар ҳамин ҳол, яке аз ин мардикорон мегӯяд: «Ба мо пул намедоданд, корфармое, ки ҳоло мо дорем, мегӯяд, шуморо дигарҳо фиреб кардаанд, аз ман пул талаб накунед».
Ба гуфтаи пулиси маҳаллӣ, бозрасии муқаддамотӣ муқаррар кардааст, ки корфармоён ба миёнарав барои ҳар як мардикори тоҷик ҳамчун ғулом 5 000 рубл (ҳудудан 200 доллари ИМА) пардохт кардаанд.
Дар хабари пулиси остони Ростов омадааст, ки феълан кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ механизми кори ғуломдорони муоъсирро ба таҳқиқ гирифтаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Русия ба ғуломӣ афтодани муҳоҷирони кишварҳои дигар дар ин ахирҳо зиёд мушоҳида мешавад. Масалан, моҳи гузашта дар вилояти Маскав як гурӯҳи калони шаҳрвандони Узбакистон аз асорати воқеъӣ озод карда шуданд.
XS
SM
MD
LG