Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ги Мун - хостори тазмини амнияти ходимони СММ


Дабири кулли СММ Бан Ги Мун гуфт, бо вуҷуди дархости судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир аз сӯи додситони Додгоҳи байналмилалии Ҳейг, ӯинтизор дорад, ки Судон амнияти кормандони ин созмонро дар қаламрави он кишвар замонат бидиҳад.

Имрӯз додситони ин додгоҳ Луис Морено-Окампо Баширро ба даст доштан дар наслкушӣ, ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёти алайҳи башар бар зидди қабилаҳои африқоии вилояти Дарфур муттаҳам кард. Окампо дар як нишасти хабарӣ дар Ҳейг гуфт:“Ман ҳамин ҳоло аз раҳбари додгоҳ дархост кардам, дастури боздошти Умар Ҳасан Аҳмад ал-Баширро бо иттиҳоми наслкушӣ, ҷиноёт алайҳи башар, ҷиноёти ҷанг содир кунад.”

Ин дархости додситон бояд акнун аз сӯи ҳайъати сенафарии қозиёни додгоҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад.

Хартум ин иқдомро эътироф намекунад ва қаблан ҳушдор дода буд, ки эълони иттиҳом алайҳи Умар ал-Башир мунҷар ба хунрезиҳои бештаре дар Дарфур хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG