Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунин ба нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон


Нахустин бор ошӯбгарон дар Афғонистон даст ба амалиёти ҳамоҳангшуда заданд ва талош карданд, як посгоҳро ишғол кунанд.

Ба сари гурӯҳи хурди сарбозони Иёлоти Муттаҳида, ки пойгоҳи тозабиношудаи пешбурди амалиёт дар шарқи Афғонистонро муҳофизат мекарданд, ончи омад, ки аз он метарсиданд -- ҳамлаи густардаи ситезаҷӯён. Нерӯҳои амрикоӣ сохтмони ин мавзеъро рӯзи ҷумъа ба поён расонданд. Вале рӯзҳои зиёде ошӯбгарон низ аз ин тарҳ огоҳӣ дошта, тадриҷан дар минтақаи наздик ба марзи вилоятҳои Кунар ва Нуристон ҷамъ меомаданд.

Ҳазратдин Нур, ки ҳафтаи гузашта волии Нуристон таъин шуда буд, ба радиои Озодӣ гуфт, ситезаҷӯён посгоҳро тақрибан ба муҳосира гирифта, субҳи якшанбе ба он ҳамла карданд. Деворро рахна зада, мусаллаҳон нуҳ сарбози амрикоро куштанд ва 15 нафари дигарро маҷрӯҳ карданд. Ҳамлаи онҳо замоне шикаст дода шуд, ки чархболҳои Иёлоти Муттаҳида ба кӯмаки сарбозон расиданд ва ошӯбгаронро ақиб ронданд. Нур ҳамларо нуқтаи авҷи фаъолияти ошӯбгарон дар минтақа номид.

Ғулом Форуқ, намояндаи аршади полиси Нуристон мегӯяд, ошӯбгарон аз нафарони Толибон ва Ҳизби исломии ҷангсолори мардуд Гулбиддини Ҳикматёр иборат буданд. Форуқ гуфт, ситезаҷӯёни араб, чечен ва покистонӣ низ дар ин минтақа фаъоланд.

Як намояндаи Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба шарти пинҳон мондани исмаш гуфт, то поёни ҳамлаи ҷавобии Иёлоти Муттаҳида наздик ба 40 ошӯбгар кушта шуд.

Ин хунинтарин ҳамла ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон баъд аз ҳамлаи соли 2005 буд, вақте ки чархболи нафарбари амрикоӣ ҳадафи мушакандоз қарор гирифта, дар суқути он 16 сарбози амрикоӣ ба ҳалокат расид.

Мақоми дигари НАТО дар Афғонистон ҳамчунон бо худдорӣ аз зикри номаш ҳамлаи рӯзи якшанберо, кӯшиши ҳамоҳангшудаи ошӯбгарон дар ишғоли посгоҳ номид.

Ҳуҷуми барномарезишуда аз таркишҳои худкушона ё бомбагузориҳои сари роҳи нерӯҳои эътилофӣ, ки хоси ошӯбгарон мебошад, ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ҳақиқат, мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, тактикаи ошӯбгарон ҳарчи бештар печида, пуршиддат ва бобарнома мешавад.

Онҳо инчунин мегӯянд, ҳамлаи ситезаҷӯён дар шарқи Афғонистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад бештар шудааст. Дар моҳҳои май ва июн маргумири сарбозони Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон дар як моҳ аз ҳалокати низомиёни амрикоӣ дар Ироқ афзунтар шуд.

Адмирал Майк Мулен, сардори раёсати аркони Нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида, ҳангоми сафараш ба Кобул дар ҳафтаи гузашта ҳушдор дод, ки шумори ситезаҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла нафарони Ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини Покистон афзудааст ва онҳо бо убури марз ба нерӯҳои Амрико ва Афғонистон ҳамла мекунанд.

Ба гузориши Ассошиейтед Пресс, наздик ба 300 ситезаҷӯ аз гурӯҳҳои мухталифи ҷиҳодӣ дар моҳи июн дар Равалпиндии Покистон ба ҷаласаи махфӣ гирд омадаанд.

XS
SM
MD
LG