Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи парвандаи асорати 50 муҳоҷири тоҷик


Юрий Старостин, намояндаи пулиси вилояти Ростови Русия мегӯяд, ному насаби корфармоёне, ки 50 муҳоҷири тоҷикро дар асорат нигоҳ медоштанд, ошкор шудааст ва феълан таҳқиқи ин парванда идома дорад.

Ин муҳоҷирони тоҷикро, ки дар як корхонаи коркарди партовҳо дар ивази танҳо хӯрок кор мекардаанд, мақомоти пулис ва муҳоҷирати Русия дар таърихи 10 июл раҳо карданд.

Мудофеъони ҳуқуқи башар печидагиҳои низоми сабти иқомат ва ироаи ҳаққи кор дар Русияро аз сабабҳои аслии ба асорати корфармоён уфтодани муҳоҷирин, аз ҷумла мардикорони тоҷик медонанд.

XS
SM
MD
LG