Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солана ва Ҷалилӣ дар Женева мулоқот мекунанд


Иттиҳодияи Аврупо таъйид кард, ки раҳбари идораи сиёсати хориҷиаш Хавйер Солана рӯзи шанбе, 19 июл, дар Женеваи Суис бо Саид Ҷалилӣ, раҳбари ҳайъати Эрон дар музокироти барномаҳои ҳастаии он кишвар мулоқот хоҳад кард.

Қудратҳои ҷаҳонӣ дар моҳи гузашта ба Эрон дар ивази тавқифи барномаҳои ғанисозии ураниумаш як бастаи имтиёзот пешниҳод карданд. Ғарб хафв дорад, ки Эрон ин барномаҳоро ба хотири сохтани силоҳҳои ҳастаӣ пеш мебарад.

Вале Теҳрон ин иддаоро радд мекунад.

XS
SM
MD
LG