Пайвандҳои дастрасӣ

Таътили тобистонаи навҷавонони тоҷик чи гуна мегузарад?


Родиюи «Озодӣ» барномаи навбатии «Садои ҳамватан»-ро пешкаши Шумо мегардонад.

Дар макотиби Тоҷикистон таътили тобистона фаро расид. Мумкин аст баъзе аз падару модарон фарзандони худро барои истироҳат ба осоишгоҳҳо фиристанд, гарчи чунин кор дар аксари хонаводаҳои тоҷик ривоҷ наёфтааст, зеро дар ин давра дар деҳот фарзандон низ нерӯи корӣ ҳастанд ва ба падару модар дар парвариши ҳосили зироъат, ҷамъоварии он ва ё дар корҳои сохтмонӣ кумак мекунанд.
Аммо баъзе хонаводаҳои камбизоъат бо истифода аз ду-се моҳи таътили тобистона фарзандонашонро ба Русия мефирситанд, то дар назди ақрабои худ, ба қавли маъруф, "чанд танга кор кунанд". Хабарнигори мо Шоҳини Равшан дар ин бора гузориши шунидание омода кардааст.
Солҳои ахир шумораи бештари муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия собиқаи корӣ доранд, зану фарзандони худро ба ин кишвар даъват кардаанд. Фарзандони онҳо дар ин кишвар дар мактабҳои русӣ таҳсил мекунанд. Фарзиндони муҳоҷирони кории тоҷик дар ин мавсим чи кор мекунанд? Оё онҳо низ имкони рафтан ба осоишгоҳҳои кудаконаро доранд?
Дар ин бора гузорише дорем аз хабарнигорамон дар Русия Расули Шодон.
Аз қарнҳо пеш дар Осиёи марказӣ тоҷикон дар қаламрави имрӯзи Узбакистону Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ба сар мебаранд. Шумораи зиёди онҳо дар солҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар давраи режими кумунистӣ иҷборан ё зери таъсири равандҳои сиёсии замона миллияти худро огоҳона ё ноогоҳона тағйир доданд. Яке аз чунин маҳаллот қаламрави имрӯзи
Қазоқистони ҷанубист. Ҳамкори мо Насибҷони Амонӣ дар Алмаато дар идомаи силсилагузоришҳояш дар бораи тоҷикони Қазоқистон мегӯяд, ки дар ин минтақа тоҷикон забони худро нигоҳ доштаанд, вале ин забон бештар ба забони хонагиву рӯзгордорӣ табдил ёфтааст.
Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони муҳоҷири муқими вилояти Твери Русия яке аз ҷамъиятҳои шинохта ба шумор меравад. Ин ҷамъият ҳамеша барои муҳоҷирони кории тоҷик барномаҳои фарҳангӣ анҷом медиҳад. Мо дар шумораи гузаштаи барномаамон бахши аввали мусоҳиба бо раиси ин ҷамъият Муқим Майбалиевро пахш карда будем. Дар барномаи имрӯзаамон бахши дувуми ин мусоҳиба пешкаши шумо мешавад.
Маҳмадалӣ Ҳакимов, сокини ноҳияи Рашт, ки дар бозори «Черкизово»-и пойтахти Русия шаҳри Маскав ба тиҷорат машғул буд, мегуяд, дигар ёди Русия ва мардикорӣ намекунад. Ӯ дар ҳодисае ба таври муъҷизавӣ аз марг ҷон ба саломат бурдааст ва акнун мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол бештар аз даҳ тоҷики муҳоҷир ва муҳоҷирони кишварҳои дигар дар паҳлӯи вай қурбон шудаанд. Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар Рашт баъд аз гуфтугӯ бо Маҳмадалӣ Ҳакимов дар бораи он ҳодиса ва тақдири баъдии ӯ дар Русия гузориш медиҳад.
Ёдовар мешавам, ки барномаи мо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбеву якшанбе соъати 20-у 30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соъати 8-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе ах тариқи роқиюи «Озодӣ» пахш мешавад.
XS
SM
MD
LG