Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 7 тан ба сиёҳзахм печидаанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, 7 нафар дар ҷануби ин кишвар ба бемории қаттоли сӯхтанӣ, ё худ сиёҳзахм, печида, ба бемористон мунтақил шудаанд. Ғолибан ин 7 нафар гӯшти гови гирифтор ба ин маризиро истеъмол кардаанд.

Рӯзи ҷумъа дар ҳамин минтақа як пирамарди 76-сола ба иллати сиёҳзахмӣ аз олам чашм пӯшид.

Сиёҳзахм бемории сироятиест, ки метавонад аз чорвои мариз ба инсон сироят кунад.

XS
SM
MD
LG