Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситон хостори боздошти президенти Судон шуд


Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ имрӯз хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳоми даст доштан дар наслкушӣ, ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёти алайҳи башар дар вилояти ҷангзадаи Дарфур шуд.

Луис Морено-Окампо Баширро ба даст доштан дар ҷиноёти бераҳмонае, ки шибҳанизомиёни араб аз гурӯҳи Ҷонҷовид алайҳи қабилаҳои африқоии Дарфур содир кардаанд, муттаҳам кард. Додситон ҳамчунин хостори мусодираи молумулк ва бастани суратҳисобҳои бонкии раисиҷумҳури Судон шудааст.

Ин дархости додситон бояд акнун аз сӯи ҳайъати сенафарии қозиёни додгоҳи байналмилалӣ баррасӣ шавад.

Хартум машрӯъияти Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро радд карда, мегӯяд, эълони иттиҳом алайҳи Умар ал-башир мунҷар ба хунрезиҳои бештаре дар Дарфур хоҳад шуд.

Ҳамалоти шибҳанизомиёни Ҷонҷовид дар Дарфур, ки соли 2003 оғоз ёфт, садҳо ҳазор нафарро кушта барҷой гузошта, миллионҳо нафарро бехонавудар кард.
XS
SM
MD
LG