Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Насими баҳр-2008" оғоз ёфт


Имрӯз дар баҳри Сиёҳ, дар обҳои марбут ба Украина, машқҳои байналмилалии низомӣ таҳти унвони “Насими баҳр – 2008” шурӯъ шуданд. Ин машқҳо бо ширкати нирӯҳои ҳавоиву дарёии 15 кишвар, аз ҷумла кишварҳои узви паймони низомии НАТО ва кишварҳои шарики ин паймон, ба мисли Гурҷистон ва Озарбойҷон, то 2 ҳафтаи дигар идома хоҳанд ёфт.

Гурӯҳҳои мухолифи азми Украина барои пайвастан ба узвияти НАТО гуфтаанд, алайҳи ин машқҳои низомӣ эътироз хоҳанд кард. Дар ду соли пеш, машқҳои низомии мавсум ба “Насими баҳр” ба далели иқдомоти эътирозӣ аз сӯи гурӯҳҳои тарафдори Русия ва мухолифи НАТО лағв шуда буд.

XS
SM
MD
LG