Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои Бритониё аз Ироқ мераванд


Суханронии сарвазир Гордон Браун дар назди низомиёни бритониёӣ дар пойгоҳи низомии канори шаҳри Басра (Ироқ), декабри соли 2007

Суханронии сарвазир Гордон Браун дар назди низомиёни бритониёӣ дар пойгоҳи низомии канори шаҳри Басра (Ироқ), декабри соли 2007

Бар тибқи иттилоъи раҳбарияти нерӯҳои низомии Бритониё дар Ироқ, теъдоди сарбозони бритониёӣ дар ин кишвар ба таври чашмгир кам хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷок Стиррап, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё дар Ироқ, мушаххасан нагуфт, ки чанд сарбози бритониёӣ аз ҷануби Ироқ хориҷ хоҳанд шуд. Ҷ. Стиррап дар ин суҳбати худ ҳамчунин ишора намуд, ки коҳиши нерӯҳои низомии онҳо дар Ироқ бори низомиёни Бритониёро, ки дар Афғонистон низ хидмат мекунанд, сабуктар хоҳад кард.
Вазорати умури дохилаи Ироқ эълом кардааст, ки ба зудӣ амалиёти васеъмиқёсеро барои саркӯб намудани шӯришиён дар вилояти Диёло шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG