Пайвандҳои дастрасӣ

Тафсилоти ҳалокати 9 сарбози Амрико дар Кунар


Дар як задухӯрд бо ҷангиёни афғон дар наздикии марзи Покистон 9 сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Ин задухӯрд дар вилояти Кунар аз пурқурбонитарин ҳамалот алайҳи нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар чанд соли охир будааст.

Нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ё худ ISAF, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО амал мекунанд, мегӯянд, ҷангиён субҳи якшанбе ба посгоҳи муштараки нирӯҳои Афғонистон ва ISAF ҳамла овардаанд.

ISAF мегӯяд, чирикиҳо баъд аз чанд соати задухӯрд маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд ва бовар меравад, ки дар ин рӯёрӯӣ талафоти сангине низ дода бошанд.

XS
SM
MD
LG