Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар пойтахти кишвар бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Дастаи «Хуҷанд» (Хуҷанд) низ дар Душанбе тими CSKA «Помир»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бар тими «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. «Динамо»-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон – «Равшан»-и Кӯлоб – 4 голи беҷавоб зад. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа меҳмони худ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохт.
Ҳамин тавр, дастаи «Парвоз» бо 41 имтиёз аз 16 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ ва «Хуҷанд» 35-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» дар зинаи дувум қарор гирифтааст. Инчунин дастаи шаҳри Турсунзода нисбат ба дастаи «Парвоз» 2 бозӣ ва нисбат ба «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додааст. «Хуҷанд» дар ҷои севум мебошад.
Байни 5 дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 29 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Суҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 10 гол дар ҷои дувум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 14-уми июл
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
16
13
2
1
39-11
41
2.
«Регар» ТадАЗ
14
11
2
1
46-11
35
3.
«Хуҷанд»
15
11
2
2
18-6
35
4.
«Вахш»
15
9
2
4
23-13
29
5.
«Динамо»
15
7
4
4
24-17
25
6.
«Тоҷиктелеком»
17
7
0
10
24-28
21
7.
CSKA «Помир»
16
5
0
11
10-29
15
8.
«Энергетик»
17
4
3
10
21-31
15
9.
«Равшан»
18
4
1
13
19-46
13
10
«Саройкамар»
17
3
4
10
25-36
13
11
«Гвардия»
16
3
2
11
16-37
11
Бозиҳои даври ХХ: 14-уми июл. CSKA «Помир» – «Саройкамар», «Вахш» – «Регар» ТадАЗ, «Парвоз» – «Равшан», 15-уми июл. «Гвардия» – «Энергетик».
XS
SM
MD
LG