Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози таассуфи Эмомалӣ Раҳмон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни номае ба унвони мудири Сандуқи Байналмилалии Пул аз додани иттилоъи бардурӯғ ба ин созмон ибрози таассуф кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни номаи расмӣ ба унвони мудири Сандуқи Байналмилалии Пул аз қазияи гузоштани иттилоъоти бардурӯғ дар ихтиёри ин созмон ибрози таассуф кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон омода аст, нуқсони сохторҳои давлатиро, ки сабаби ин амр шудаанд, бартараф созад.

Моҳи феврали соли равон Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бар асоси иттилоъоти бардурӯғ аз ин созмони молӣ қарз гирифтааст. Шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул он замон аз Тоҷикистон хост, то тақрибан 48 миллион доллари ин созмонро пеш аз мӯҳлат баргардонад. Ин қазия ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул эътимоди сармоягузорон ва кишварҳои донор ба ҳукумати Тоҷикистонро коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG