Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ибрози тааcсуф кардааст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни номаи расмӣ ба унвони мудири Сандуқи Байналмилалии Пул аз қазияи гузоштани иттилоъоти бардурӯғ дар ихтиёри ин созмон ибрози таассуф кардааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон омода аст, нуқсҳои сохторҳои давлатиро, ки сабаби ин амр шудаанд, бартараф созад.
Моҳи феврали соли равон Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки ҳукумати Тоҷикистон бар асоси иттилоъоти бардурӯғ аз ин созмони молӣ қарз гирифтааст. Шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул он замон аз Тоҷикистон хост, то тақрибан 48 миллион доллари ин созмонро пеш аз мӯҳлат баргардонад. Ин қазия ба гуфтаи Сандуқи Байналмилалии Пул эътимоди сармоягузорон ва кишварҳои донор ба ҳукумати Тоҷикистонро коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG