Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пйер Мюррел ба Душанбе меояд


Қарор аст, имрӯз намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ Пйер Мюррел бо як сафари дурӯза вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шавад. Вазорати умури хориҷа мегӯяд, дар ҷараёни ин сафар Пйер Моррел бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷа дидору гуфтӯгу мекунад. Ва дар ҳамин рӯз дабири кулли Муассисаи Илм ва Фарҳанги Созмони Милал ЮНЕСКО Коичиро Матсуура вориди Душанбе мешавад ва то рӯзи 16 июл бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон дидору гуфтугу мекунад. Доир ба мавзӯъи мулоқоти ҷонибҳо иттилоъе нашр нашудааст.

XS
SM
MD
LG