Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт мегӯяд, сулҳ дар Ховари Миёна наздик аст


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт гуфт, феълан исроилиҳову фаластиниҳо беш аз ҳар вақти дигар ба созишномаи сулҳ наздик мебошанд. Олмерт, ки дар Порис дар пайи мулоқоташ бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркози сӯҳбат мекард, гуфт, ҳарду ҷониб ба хотири расидан ба созишномаи сулҳ бояд тасмимоти ҷиддӣ ва муҳимеро рӯи даст бигиранд.

Аммо Эҳуд Олмерт аз ибрози ҳар навъ ҷузъиёти дигар дар ин робита худдорӣ кард.

Олмерт дар Порис ҳамчунин гуфт, ки Исроил хостори музокироти мустақим бо Сурия аст. Сарвазири Исроил, раҳбари фаластиниҳо ва раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар Порис дар нишасти кишварҳои ҳошияи баҳри Миёназамин ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG