Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон як кони бузурги нафт кашф шудааст


Эрон мегӯяд, дар вилояти нафтхези Хузистон як кони нави бузурги нафтро кашф кардааст. Вазири нафти Эрон Ғуломҳусейн Нӯзарӣ гуфт, захираи нафт дар кони Андимишк, воқеъ дар наздикии марз бо Ироқ, дар ҷанубу ғарби Эрон, тақрибан 1,1 миллиард бушка баровард шудааст. Бо вуҷуди камбуди сармоягузории хориҷӣ, Эрон дар ҳоли ҳозир чорумин тавлидкунандаи бузурги нафт дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG