Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиёзи нав барои муҳоҷирини тоҷик дар Қазоқистон


Шаҳрвандони Тоҷикистон акнун ҳаққ доранд, дар қаламрави Қазоқистон то 30 рӯз бидуни сабти ном ба сар баранд. Айни имтиёз барои шаҳрвандони Қазоқистон дар қаламрави Тоҷикистон дода шудааст.

Тавофуқ дар ин замина дар моҳи май дар мулоқоти руъасои ду ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада буд ва бар асоси ин тавофуқ, вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 1 июл як фармони муштарак содир кардаанд.

Қазоқистон баъд аз Русия дуввумин бозори бузурги кор барои муҳоҷирини тоҷик маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG