Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди сангин дар Ҳилманд


Нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико мегӯянд, тайи ду рӯзи охир дар задухӯрд дар ҷануби Афғонистон дасти кам 40 ҷангӣ кушта шудаанд. Сухангӯи нирӯҳои эътилоф гуфт, ин задухӯрд рӯзи шанбе дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба нирӯҳои эътилофӣ ва урдуи давлатии Афғонистон дар вилояти Ҳилманд оғоз ёфтааст.

Нирӯҳои эътилоф дар ин амалиёт алайҳи киштиву қаиқҳое, ки ҷангиён дар рӯди Ҳилманд истифода мебурданд, аз ҳамалоти ҳавоӣ низ кор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG