Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нирӯҳои Бритониё соли оянда аз Ироқ мераванд


Бритониё мегӯяд, қасд дорад дар соли ояндаи 2009 теъдоди қобили мулоҳизаи нирӯҳояшро аз Ироқ берун кашад.

Фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё, маршалли нирӯҳои ҳавоӣ Ҷок Стиррап аммо нагуфт, ки чӣ теъдоди мушаххасе аз сарбозони кишвараш аз ҷануби Ироқ ба ватан бар хоҳанд гашт. Ҷок Стиррап вале гуфт, ки хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ бори уфтода бар дӯши нирӯҳои Бритониёро, ки феълан ҳамзамон ҳам дар Ироқ ва ҳам дар Афғонистон ифои хидмат мекунанд, сабуктар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG