Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Русия бояд дар гурӯҳи G8 боқӣ бимонад"


Барак Обама, номзади Ҳизби демократ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, мухолифи ихроҷи Русия аз гурӯҳи G8 изҳори назар кардааст. Ин гурӯҳ 8 кишвари аз лиҳози саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, вале Ҷон МакКейн, номзади ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихобот гуфт, ки Русия озодиҳои сиёсиро дар кишвараш танг кардааст ва, аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори аз G8 берун андохтани Маскав аст.

Аммо Барак Обама ҳамкорӣ бо Русияро ба хотири мубориза бо густариши силоҳҳои ҳастаӣ лозим донистааст.

Гурӯҳи G8 Амрикову Канада, Бритониёву Олмон, Фаронсаву Итолиё ва Ҷопону Русияро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG