Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари Судон бо вазиронаш машварат мекунад


Раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир имрӯз нишасти изтирории кобинаи вазиронашро даъват кардааст. Ин нишаст мавзӯъи эҳтимолан аз сӯи Додгоҳи байналмилалӣ ба масъулият кашидани раҳбарони ин кишвар бо иттиҳоми даст доштан дар ҷинояти ҷанг дар вилояти Дарфурро баҳс хоҳад кард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Судон Алӣ Содиқ гуфт, мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз беназмӣ дар сурати эълони ҳар навъ иттиҳом алайҳи президент Башир, тадобири амниятиро дар давру бари сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар пойтахт, шаҳри Хартум, афзоиш додаанд.

Додситони кулли Додгоҳи байналмилалӣ Луис Морено-Окампо рӯзи панҷшанбе гуфт, ки мехоҳад дар қиболи ҷанги Дарфур парвандаи ҷадид боз кунад. Окампо гуфт, ки исми муттаҳамон дар ин парвандаро рӯзи душанбе эълон хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG