Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум ба Австралия рафт


Попи Рум Бенедикти 16 имрӯз вориди Австралия шуд. Раҳбари рӯҳонии католикҳои ҷаҳон гуфтааст, ки мехоҳад дар ҷараёни ин боздид масоили гармшавии ҷаҳон ва бӯҳрони пешомада дар калисои католикӣ дар робита ба даст доштани рӯҳониён дар фаҳшоро матраҳ кунад. Ҳавопаймои ҳомили попи Рум баъд аз 20 соати парвоз дар фурудгоҳи Дарвин нишаст. Бенедикти 16 се рӯзро дар Сидней ба сар бурда, сипас дар ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонони католик ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG