Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорати Ҳинд дар Кобул дубора ба кор оғоз кард


Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Кобул, пойтахти Афғонистон баъд аз як ҳафтаи таркиши бамб дар назди дарвозаи ин сохтмон дубора ба кор оғоз кардааст. Сафири Ҳинд дар Афғонистон Ҷаянт Прасад ифтитоҳи дубораи бахши консулхонаи сафоратро қадами аввал дар роҳи дубора ба фаъолияти комил шурӯъ кардани сафорати Ҳинд номид.

Дар асари инфиҷори як ҳафтаи пеш дар назди сафорати Ҳинд дар Кобул 58 нафар кушта шуданд. 4 тан аз кушташудагон кормандони сафорат, вале бахши аъзамаш афғонҳои муддаии ҳаққи раводид ба Ҳинд будаанд.

XS
SM
MD
LG