Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нави интиҳорӣ дар Ҳилманд


Як бамбгузори маргталаб имрӯз худро дар назди корвони мошинҳои низомии урдуи давлатии Афғонистон мунфаҷир кард.

Дар асари ин ҳамла дар улусволии Марҷаи вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон, 2 сарбоз ва 1 кӯдак кушта шудаанд. Дасти кам 5 нафар, бо шумули маъмурони пулис ва раҳгузарон дар ин таркиш захм бардоштаанд.

Бино бар омори овардаи хабаргузории Ройтерс, хушунатҳо дар Афғонистон танҳо дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ наздики 700 сокини ғайринизомиро кушта барҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG