Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Пхенян ба қатъи фаъолиятҳои ҳастаӣ


Музокироти шашгона бар сари барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ имрӯз дар Пекин бо тавофуқи Пхенян дар мавриди то моҳи октябр комилан қатъ кардани фаъолияти таъсисоти ҳастаияш ба поён расид. Кореяи Шимолӣ ҳамчунин розӣ шуд, коршиносони хориҷӣ бар ҷараёни демонтажи дастгоҳҳо аз корхонаҳои ҳастаияш назорат кунанд.

Ин музокирот фиристодаҳои Амрикову Чин, ду Кореяи ҷанубиву шимолӣ ва Ҷопону Русияро фаро мегирифт.

XS
SM
MD
LG