Пайвандҳои дастрасӣ

Тифлис хостори даъвати нишасти ША шудааст


Муовини вазири хориҷаи Гурҷистон Григол Вашадзе хостори даъвати нишасти Шӯрои Амнияти СММ ба хотири баррасии танишҳои афзоянда байни Тифлису Маскав бар сари Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, 2 минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон шудааст. Ин дар ҳолест, ки Русия рӯзи ҷумъа аз Гурҷистон хост, нирӯҳояшро аз дараи умдатан гурҷинишини Кодори Абхозистон берун кашида, аз ҳар навъ талоши истифодаи нирӯ ба хотири таъйини мақоми ин минтақа даст бардорад.

Маскаву Тифлис ҳамдигарро дар доман задани бесуботӣ дар Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG