Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмун барои ҳаводорони варзиш


Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар бахшида ба Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимпии Пекин-2008 озмуни ҳаводорони варзишро эълон кардаанд.

Ба ширкаткунандагони озмун суолҳои зерин пешниҳод шудааст:

1. Аввалин олимпичии Тоҷикистонро номбар кунед (кай, дар куҷо ва дар кадом навъи варзиш ҷои чандумро соҳиб шудааст?)

2. Натиҷаи нишондодаи қаҳрамони олимпӣ душанбегӣ Анатолий Старостин (панҷҳарбаи муосир) дар пойга (кросс) ба масофаи 4 км дар Бозиҳои ХХ11 тобистонаи олимпии Маскав-1980 чӣ гуна аст?

3. Шарики қаҳрамони олимпӣ душанбегӣ Юрий Лобанов дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1972 дар Мюнхен (Олмон) дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр кӣ ва аз кадом ҷумҳурӣ буд?

4. Қаҳрамони олимпӣ Андрей Абдувалиеви тоҷикистонӣ дар Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона (Испания) дар гурзандозӣ чӣ гуна натиҷа нишон дод?

5. Барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1976 дар Монреал (Канада) Зебуннисо Рустамова дар камонварӣ дар машқи М-2 чанд имтиёз (хол) ба даст овардааст?

6. Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИДМ аз соли 1960 то инҷониб ҳамагӣ чанд медал (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ба даст овардаанд? Онҳоро номбар кунед.

7. Шиори олимпии «Тезтар, баландтар, қавитар!»-ро кӣ пешниҳод кардааст ва аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ кадом сол тасдиқ шудааст?

8. Кӣ аз байни варзишгарони Тоҷикистон ба шарафи баланд – машъалбардори Бозиҳои ХХ11 тобистонаи олимпии Маскав-1980 сазовор шудааст?

9. Кадом кишвар, аз рӯи пешгӯии Шумо, дар ҳисоби ғайрирасмии дастаӣ ғолиби Олимпиадаи Пекин-2008 мегардад ва ҳамагӣ соҳиби чанд медал, аз ҷумла чанд медали тилло мешавад?

10. Ду дастаеро номбар кунед, ки ба бозии ниҳоии сабқати футбол аз рӯи барномаи Олимпиадаи Пекин роҳ меёбанд ва натиҷаи ин бозӣ чӣ гуна хоҳад шуд?

11. Кадом варзишгарони Тоҷикистон, мувофиқи пешгӯии Шумо, дар Олимпиадаи Пекин соҳиби медалҳо (чӣ гуна медалҳо) мешаванд?

Аз ширкаткунандагони озмун хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро ба нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 24, Кумитаи миллии олимпӣ (КМО) ё ба воситаи почтаи электронӣ (e-mail): noc@olympic.tj то 10-уми августи соли 2008 бифиристанд.

Дастандаркорони озмун барои ғолибон тӯҳфаҳо омода кардаанд.

XS
SM
MD
LG