Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ бо мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ


Расонаҳои Тоҷикистон изҳороти Сайёфи Мизроб, ҳамкори собиқи Озодиро пахш карданд ва мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ асли қазияро шарҳ медиҳад.

- Рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа Телевизиони давлатии Тоҷикистон ва расонаҳои дигари маҳаллӣ бахшҳое аз изҳороти Сайёфи Мизроб, ҳамкори собиқи радиои Озодиро пахш карданд. Мудири бахши тоҷикии радиои Озодӣ Қудрат Шаҳидӣ дар студияи радио ҳузур доранд ва аз эшон даъват мекунем, то бигӯянд, асли қазия чист?


- Оғои Сайёф беш аз даҳ сол бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт ва гузоришҳои ҷолиберо ба вижа дар мавзӯъҳои фарҳангӣ ва адабиёти Тоҷикистон таҳия мекард. Мо аз чанд моҳи пеш тағйиротеро дар дафтари Душанбе оғоз кардем ва аз ҷумла бо оғои Сайёф ҳам гуфтугӯҳое дар бораи қарордоди кор ва маъош бо радиои Озодӣ доштем. Дар ин гуфтугӯҳо бо ӯ ба тавофуқ нарасидем ва эшон рӯзи 9 июл эълон карданд, ки ба ҳамкории худашон бо радиои Озодӣ идома намедиҳанд. Ва ман ҳам ба тасмими эшон эҳтиром гузоштам. Бояд бигӯям, ки масъала танҳо марбут ба қарордод ва маоши пешниҳодшуда буд, ки агар ба тавофуқ мерасидем, эшон имрӯз ҳам ҳамкори радиои Озодӣ буданд.

- Вале бархе аз масоили дигар ҳам дар изҳороти Сайёфи Мизроб матраҳ шуда…

- Ман намефаҳмам, ки чаро бархе масоил ба сифати масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии хабарнигорон матраҳ шудааст. Ва талош шуда, ки ба ин мавзӯъ рангу бӯи сиёсӣ дода шавад. Мо дар радиои Озодӣ дар чаҳорчӯби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунем. Ва табиъатан ҳар кас дар чаҳорчӯби қарордоди имзошуда озод аст ва ҳар вақт хост, метавонад корро тарк бикунад. Он чи марбут ба маоши кормандон мешавад, мо то ҳадди имкон талош мекунем ҳамкоронамон аз маоши кофӣ ва имконоти хуб бархурдор бошанд. Албатта таъкид мекунам, дар ҳадди тавонамон. Шароити коре, ки барои ҳамкоронамон фароҳам мекунем, дар нисбат ба расонаҳои маҳаллӣ беҳтар ва бештар аст. Ва бояд беҳтар ҳам бишавад. Албатта боз ҳам таъкид мекунам, ки имконоти мо ҳам маҳдуд аст, вале то ҷое, ки имкон дорем, талош мекунем шароитро беҳтар бикунем.

- Оқои Шаҳидӣ, Сайёфи Мизроб дар изҳороти худ дар бораи Холиқи Сангин, собиқ ҳамкори дигари радиои Озодӣ ҳам ишора карда ва аз ҷумла гуфтааст, ки вай бидуни сабаб аз кор ронда шуд. Шумо чи мегӯед?

- Холиқи Сангин бар тибқи қарордоди корӣ ва Қонуни меҳнати Тоҷикистон аз кор барканор шудаанд. Иллаташ ҳам адами ҳузури ӯ дар кор ва адами тамос бо масъулини бахш ва ман буд. Ӯ бештар аз як ҳафта сари кор наёмад, тамосе нагирифт ва иттиллоъе аз маҳал ва вазъи худ надод.

- Оқои Сайёф дар бахши дигари изҳороташ баён кардааст, ки радиои Озодӣ хабарнигоронашро ба танқиди муғризонаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон таҳрик медиҳад. Ин то чӣ андоза дуруст аст?

- Ман ҳам ин изҳороти оғои Сайёфро аз телевизони Тоҷикистон дидам ва хеле тааҷҷуб кардам. Чун ӯ беш аз даҳ сол дар радиои Озодӣ кор карда буд ва ҳеҷ гоҳ чунин шикояте на ба ман ва на ба мудирони собиқи радиои Озодӣ накарда буд. Ин иддао комилан дур аз ҳақиқат аст. Тамоми фаъолиятҳои мо бар асоси принсипҳои байнулмилалии хабарнигорист. Гузоришҳое, ки мо пахш мекунем, комилан бетарафона ва беғаразона аст. Ва инро шунавандагони радиои Озодӣ ҳам медонанд. Мо як расонаи ҳирфаӣ ҳастем ва дар тайи 55 сол фаъолияти хабарнигорӣ талош кардаем комилан бетарафона ва ҳирфаӣ ба гӯши шунавандагони худамон ахбор ва назароти мухталиферо бирасонем. Мо ҳамеша талош мекунем масоили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро дар гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ, коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ва аҳзобу гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шунавандагон арза кунем. Ин шунавандагон ҳастанд, ки қазоват мекунанд. Вазифаи мо ба таври куллӣ иттилоърасонӣ ва матраҳ кардани масоили ҷомеъа аст ва, фикр мекунам, ин вазифаро мо ба хубӣ тавонистаем анҷом бидиҳем ва аз ин ба баъд низ анҷом хоҳем дод.

XS
SM
MD
LG