Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров:Системи зидди мушакии Амрико зарур нест


Сергей Лавров-вазири хориҷаи Руссия мегуяд, озмоиши мушакҳои Ирон дар ин ҳафта нишон дод, ки бурди мушакҳои ин кишвар маҳдуд аст ва зарурате ба эҳдоси системи тарҳрезишудаи дифоъи зидди мушакии Амрико дар қаламрави Аврупо боқӣ намемонад. Суханони Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки ду руз пайдарҳам Ирон чанд мушаки худро озмоиш дод ва яке аз ин мушакҳо метавонад ҳадафҳоеро дар хоки Исроил нишон бигирад. Имруз Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки озмоиши мушакҳои Ирон нигарониро аз барномаҳои ҳастаии ин кишвар бештар кардааст ва бими он меравад, ки Ирон ба иҷоди бами ҳастаӣ даст ёбад.

XS
SM
MD
LG