Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон таҳдид кардаанд, ки гаравгононро мекушанд


Тундравҳои Толибон дар Покистон мегуянд, онҳо рузи шанбе ба қатли гуруҳе за гаравгонон оғоз мекунанд, агар то он руз чанд нафар аз зиндонии шуришиён озод нашаванд. Мавлавӣ Умар-сухангуи Толибон гуфтааст, ҳоло 29 нафар дар гаравгонии Толибон қарор доранд ва аксари онҳо кормандони амниятӣ мебошанд, ки рузи чаҳоршанбе дар ҳамлае ба маркази пулис ба гаравгонии Толибон даромадаанд. Ин ҳамла баъд аз он анҷом гирифт, ки нируҳои давлатӣ яке аз фармондеҳони толибонро боздошт карданд ва вай ба қавле шахси дуввум дар фармондеҳии толибон ба шумор меравад. Толибон мехоҳанд ба ин васила вайро аз зиндон раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG