Пайвандҳои дастрасӣ

Кумиссиюн мегуяд, 47 нафар кушта шудаанд


Имруз кумиссюни ҳукуматии Афғонистон гуфт, дар ҳамлаи нируҳои ҳавоии Амрико ба корвони арусие дар вилояти Нангарҳор 47 нафар кушта шудаанд. Пештар нируҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон инкор карда буданд, ки касе аз аҳолии маҳал кушта нашудааст ва онҳо тундравҳоро ҳадаф қарор додаанд. Бурҳонуллоҳ Шинворӣ-узви ин кумиссюн гуфтааст, 39 нафари кушташудагон занону кудакон будаанд. Ин кумиссюнро Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои расидагӣ ба ин ҳодиса ба Нангарҳор фиристодааст.
XS
SM
MD
LG